Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
- Название:Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
- Автор:
- Жанр:
- Издательство:неизвестно
- Год:неизвестен
- ISBN:9785449637376
- Рейтинг:
- Избранное:Добавить в избранное
-
Отзывы:
-
Ваша оценка:
Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ краткое содержание
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - читать онлайн бесплатно ознакомительный отрывок
Интервал:
Закладка:
Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва дар фаъолияти меҳнатӣ пешрафт дошта бошад.
Дар шароити имрӯза низ, аз ҷумла барои кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти истифодаи самараноки қувваи корӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки дар тамоми зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ҷорӣ кардани конспесияи мазкур ба манфиат мебошад.
Маъмурияти идоракунӣ (А. Файол)
Муҳандис ва соҳибкори франсавӣ Анри Файол (1841—1925) тавлидгари назарияи маъмурияти идоракунӣ мебошад. Ӯ тасдиқ мекард, ки идора кардан – маънои пеш бурдани корхонаро барои расидан ба мақсади муайян бо назардошти гирифтани (аз худ кардани) манфиати зиёд (маҳсули бисёр) аз захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда, дорад.
Олим бар он назаре буд, ки ҳар як ташкилот аз ду қисмат: моддӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Қисмати якум меҳнати истеҳсолии кормандро фаро гирифта, қисмати дуюм ба муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ асос меёбад. Дар инҷо дар баробари фоиданокии ташкилот, ҳамчунин ба инобат гирифтани робитаҳои мустақими кормандон баррасӣ гардидааст, ки албатта аз усулҳои муносиби идоракунӣ маҳсуб мегардад.
Идоракунӣ, ба фикри олим, намудҳои гуногуни фаъолиятро, аз қабили техникӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, муҳофизатӣ, муҳосибӣ ва маъмурӣ фаро мегирад.
Яке аз дастовардҳои А. Файол дар самти идоракунии маъмурӣ ба таълиф гардидани принсипҳои зерини идоракунӣ асос меёбад:
– Тақсимоти меҳнат. Мақсад тахассус додан мебошад, ки дар ниҳоят он ба зиёд гардидани таҷриба ва такмил ёфтани малакаи кории шахс / корманд оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин усул ба самаранокии фаъолияти меҳнатии ҳар як корманд дар алоҳидагӣ ва ташкилот дар умум мусоидат менамояд;
– Ҳокимият. Ҳукмфармоӣ тавозуни иҷрои байни вазифаҳо ва уҳдадориҳоро таъмин менамояд.
– Тартибот. Кормандон бояд ба роҳбар итоат кунанд, аммо идоракунанда низ бояд нақши муносиби сарвариро дошта бошад.
– Яккасардорӣ дар идоракунӣ. Ҳар як корманд бояд як роҳбар дошта бошад.
– Равонасозии ягона. Шахсоне, ки барои иҷрои як намуди фаъолият равона гардидаанд, бояд вазифаҳои монанд ва нақшаи ягона дошта бошанд.
– Тобеияти манфиатҳои фардӣ ба умум.Роҳбарият бояд назорат кунад, ки мақсадҳои корхона аз манфиатҳои корманд (он) боло истад.
– Ҳавасмандӣ. Маош (моҳона) сабабнокии муҳим дар баҳисобгирии имкониятҳо мебошад ва ин беҳтарин низом ва ё василаи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.
– Марказонидан (ғайримарказонӣ).Ин масъала сатҳи шароитҳои кории корхона ва сифати ҳайати шахсии онро муайян мекунад.
– Зинабандии скалярӣ. Ин зинабандии ҳокимият аз боло ба поён мебошад. Иерархия (зинабандӣ) барои идоракунии самтнок ва ягона зарур аст. Аммо робитаи уфуқӣ (горизонталӣ) низ асос шуморида мешавад, зеро он дар идоракунӣ нақши худро соҳиб мебошад.
– Фармонбарорӣ.Дар инҷо, ҳам фармонҳои моддӣ ва ҳам иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Фармонбарор вақти худро ба анҷом додани амалҳои моддии нодаркор сарф намекунад, аммо маҳз ҳамин амалҳо фаъолияти идоракуниро нигоҳ медоранд.
– Адолат.Садоқат ва ростқавлии ҳайати шахсӣ бояд тавассути муносибати эҳтиромона ва адолатноки маъмурият (роҳбарият) нисбат ба тобеон таъмин карда шавад.
– Устувории низоми вазифадор ва ё масъулиятнок намудани ҳайати корӣ. Корманд вазифаи худро беҳтар иҷро мекунад, агар бехатарии ҷойи корӣ ва пешравӣ дар мансаб ва ё вазифа барои ӯ кафолат дода шавад.
– Ташаббускорӣ. Ба тамоми кормандон имконият дода шавад, ки ташаббусҳои худро дар самти рушд ва устуворсозии корхона нишон диҳанд.
– Руҳбаландӣ дар тим (команда). Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани руҳияи онҳо масъул бошад.
Файол назар дорад, ки маҳорати воқеии шахс ба ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ ниёз дорад. Бояд ки шавқу рағбати корманд дастгирӣ гардад, қобилияти ҳар як нафар мавриди истифода қарор дода шавад, ҳар як дастовард бидуни бухлу кановат қадр карда шуда, муносибати хуб ва муносиб ба роҳ монда шавад.
Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастоварди илмии А. Файол имкон дод, ки идоракунӣ ҳамчун фаъолияти мустақил ва махсуси одамон мақом пайдо кунад. Назари маъмурияти ташкилоту корхонаҳо ба идоракунӣ дигар шуд, аз ҷумла усулҳои иҷтимоӣ ва психологиро зимни истифода (омӯзиш) қарор доданд. Дар ниҳоят соҳаи нави илм – сотсиология ва психологияи идоракунӣ пайдо гардид, ки ин ду равияро (назарияи Файол) ба ҳам тавъам месозад.
Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)
Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад .
Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:
– бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;
– тахассуснокии маҳдуд;
– иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;
– ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;
– баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.
Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истадва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.
Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.
Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)
Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:
Читать дальшеИнтервал:
Закладка: