Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
- Название:Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ
- Автор:
- Жанр:
- Издательство:неизвестно
- Год:неизвестен
- ISBN:9785449637376
- Рейтинг:
- Избранное:Добавить в избранное
-
Отзывы:
-
Ваша оценка:
Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ краткое содержание
Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ - читать онлайн бесплатно ознакомительный отрывок
Интервал:
Закладка:
Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:
– фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;
– дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;
– принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;
– ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;
– фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;
– низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;
– дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.
1.3 Намудҳои ташкилотҳо
Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ – аз боло ба поёнфаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиропеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд:
– Шабакавӣ – маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;
– Бисёрченакдор – намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад – бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад – анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад – намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;
– Даврӣ – навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;
– Виртуалӣ – ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;
– Соҳибкорӣ – ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;
– Омӯзишӣ – навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Идоракунӣ чист?
– Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?
– Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?
– Асоси усулҳои идоракунии давлатиро тибқи рисолаи «Сиёсатнома» -и Низомулмулк кадом таълимот ташкил медиҳад?
– Саҳми кадом олимон дар рушди идоракунии иҷтимоӣ тибқи принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ назаррас мебошад?
– Назарияи «Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Маъмурияти фаъолият» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Муносибатҳои инсонӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
– Назарияи «Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ» хоси кадом муҳаққиқ (он) мебошад?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Бюрократия. / Тарзи дастрасӣ: http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34-4650-df58c4a0231e/1012512A.htm
– Гостенина В. И. Социология управления: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.
– Заходера Б. Н. Сиасет-наме. / Книга о правлении вазира XI столетия Низам Аль-Мулька. // Перевод, в введение в изучение памятника и примечания проф. Б. Н. Заходера. Издательство Академии наук СССР. Москва-Ленинград: 1949. – 192 с.
– Кибернетика. / Тарзи дастрасӣ: http://libanomaly.ru/rInform/8.htm
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. – Душанбе: 2006. – 558 с.
– What are the 14 principles of management? Description. [Маводи электронӣ] / Тарзи дастрасӣ: http://www.12manage.com/methods_fayol_14_principles_of_management.html
§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ
ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Назарияи идоракунӣ
Идоракунӣ ба маҳорат ва санъати давлатдорӣ робитаи зич дорад. Нахуст давлати тоҷикон дар давраи ҳукмронии Сомониён ташкил ёфта буд, ки аз ҳастӣ ва меросдорони худ бо санъати волои идорӣ, ташаккули адабиёт ва илму ирфон, тамаддунофарӣ ва таъриху фарҳанги ҷовидон ба ҷаҳониён нишонаи возеҳ гузошт.
Давлати тоҷикон баъд аз ҳазору сад соли парешониҳо, ноумедиҳо, зулму ситамгориҳо боз дубора тавлид ёфт. То ин замон, халқу миллати тоҷик зери таҳдид, азобу шиканҷа ва тобеияти халқиятҳо ва давлатҳои гуногуни бегона қарор дошт, мувофиқан аз эҷод ва амалисозии мустақилонаи илму ирфон ва санъати идоракунӣ маҳрум буд.
Акнун, баъди саддаҳо чархи гардун ба сӯи миллати тоҷик боз гашт, аз соли 1991 инҷониб Тоҷикистонбо роҳбарии фарзанди абармард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва машғули идораи мустақили давлатӣ, эҳёи фарҳанг, санъат ва таъриху тамаддуни миллӣ мебошад.
Тадқиқотҳои олимони тоҷик дар самти идоракунӣ
Мутаассифона, новобаста аз пешрафт ва дастовардҳои сиёсию ҳуқуқӣ назарияҳои илмию таҳқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасанд, ба ҷуз кори баъзе аз олимони тоҷик, ки онҳо низ ин самти илму фанро на дар алоҳидагӣ ё самтнок, балки дар ҳошия ва тақвияти дигар фанҳо ва равияҳои илмӣ омӯхтаанд (Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. 2007). Аз ҷумла:
– Алиев З. М. Асосҳои конститутсионии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);
– Бобоев Қ. Назарияи сиёсии Низомулмулк (1999);
– Ғаниев Т. Б. Менеҷмент (2004);
– Достиев А. С. Конституция Республики Таджикистан 1994 г.: история разработки, принятия и основные положения (2001);
Читать дальшеИнтервал:
Закладка: